Ҳайати ВКД дар конфронси Фаронса иштирок доранд

Як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар конференсияи ҳарсолаи роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерпол дар мавзӯи «Амалҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ»  дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.  

Тоҷикистонро дар ин конфронс сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Анварҷон Ализода, сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ доранд.

Бино ба иттилои ВКД, 28 ноябр дар ҷараёни конференсияи мазкур аз ҷониби мутахассисони Котиботи генералии Интерпол мавзӯъҳои «Баланд бардоштани самаранокӣ: аввалан маълумот”, «Роҳ ба биометрияи нав”, “Имконият ва парвандаҳои оқилона”, “Набудани пойгоҳи додаҳои ДНК-и инсон ва беҳтар кардани сифат ва миқдори маълумоти биометрӣ” ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Зимни конференсия музокираю мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон оид ба тақвияти имконияти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ доранд, фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.

Конференсияи мазкур то 30 ноябр идома меёбад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.