Ҳоҷатхона — монеаи бузурги рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Гулчеҳра аз шаҳри Хуҷанд бо се кӯдаки хурдсол ба Душанбе барои ташхис омадааст. Дурии роҳ, сардии ҳаво ва се кӯдакаш не, балки набудани ҳоҷатхона дар роҳ ва шаҳри Душанбе ба ӯ душворӣ пеш овард…

Сайёҳон чаро нороҳат мешаванд?

Гулчеҳра мегӯяд, ки дар фосилаи роҳи Хуҷанд — Душанбе, ба талабот ҷавобгӯ набошанд ҳам, чандин ҳоҷатхона мавҷуд аст, вале дар Варзобу Душанбе бо се кӯдак азоб кашидааст.

Мисли Гулчеҳра садҳо нафар мусофирон дар саросари Тоҷикистон аз набудани ҳоҷатхона азият мекашанд. Коршиносони масоили сайёҳӣ мегӯянд, ки яке аз мушкилоти асосии рушд накардани сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳоҷатхона аст.

“Тоҷикистон кишвари сайёҳист. Манотиқи гуногуни кишвари мо барои сайёҳон ҷолиб аст. Вале вақте аз Душанбе берун мешавед, аввалин чизе, ки набуданаш сайёҳонро нороҳат мекунад, ҳоҷатхона аст. Барои сайёҳоне, ки аз Аврупо меоянд, ҳоҷатхона бисёр муҳим аст. Онҳо дар ин масъала ҳассос ҳастанд. Борҳо шудааст, ки дар Искандаркӯл, Ҳафткӯл ва ё Дарвозу Мурғоб сайёҳон аз набудани ҳоҷатхона ба ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон мушкилӣ эҷод кардаанд”,- мегӯяд Мансур, роҳбалади яке аз ширкатҳои сайёҳӣ.

Воқеан, ин мушкилӣ солҳост, ки дар ВАО бардошта мешавад, вале ҳалли худро намеёбад. Чанде пеш мақомоти кишвар эълон карда буданд, ки дар роҳҳои асосӣ дар ҳар 50 км як ҳоҷатхона бунёд хоҳад шуд…

Камбудии боғҳои пойтахт

Набудани ҳоҷатхона дар боғҳои фарҳангии пойтахт низ сокинонро нигарон кардааст. Дар боғҳои пойтахт, аз ҷумла боғи Садриддин Айнӣ, Боғи Ирами пойтахт як ҳоҷатхонаи ба талабот ҷавобгӯ нест.

Набудани ҳоҷатхона дар аксари шаҳрҳои калони кишвар мушоҳида мешавад.

Ҳамин аст, ки дар чанд нуқтаи шаҳри Душанбе ҳоҷатхонаҳои пулакӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо ба талабот ҷавобгӯ ҳам нестанд. Дар Тоҷикистон одатан ҳоҷатхона дар ҷойҳои серодам аст. Ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 44 ҳоҷатхона мавҷуд аст, ки барои шаҳре қариб бо 1 миллион аҳолӣ ва меҳмонон ин хеле кам аст.

Мушкили глобалӣ!

21-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳоҷатхона аст. Зеро набудани ҳоҷатхона натанҳо мушкили Тоҷикистон, балки мушкили ҷаҳонӣ ҳам ҳаст. Тибқи иттилои мавҷуда, ҳар сол аз набудани ҳоҷатхона дар ҷаҳон 3,6 миллиард нафар, аз ҷумла 900 миллион нафар хонандаи мактаб азият мекашанд.

У. ҚУТБИДДИНЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.