Ҳоҷиёни арақхӯр. Оё ҳаҷи чунин афрод қабул мешавад?

Ҳафтаномаи “Оила” зери гӯшаи “Оила ва ислом” суолу ҷавобҳои ҷолиберо интишор кардааст, ки дар рӯзи мубораки ҷумъа пешкаш кардани онҳоро ба хонандаи азиз айни муддао медонем.

Ҳоҷиёни арақхӯр

Бисёр одамонеро медонам, ки ба зиёрати хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ шуда баргаштанд, вале боз арақ менӯшанд, зино мекунанд, ҳақи мардумро мехӯранд ва ба дигар корҳои нораво даст мезананд. Оё ҳаҷи чунин афрод қабул мешавад?

ДИЛОВАР, ноҳияи Ҳисор

Посух:- Албатта аз осмон хабар намеояд, ки ҳаҷи фалонӣ қабул шуд ё қабул нашуд. Қабул шудан ё нашудани ҳаҷро аз тағйир ёфтани рафтору кирдори инсон фаҳмидан мумкин аст. Зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оварда, одам ҳаҷро аз гардани худ соқит менамояд, вале аҷру подошеро, ки аз ҷониби Худованд ваъда шудааст, ба даст овардааст ё не, инаш масъалаи дигар аст. Ҳоҷӣ баъди аз хонаи Худо баргаштан низ аз корҳои ҳаром парҳез накунад, маълум мешавад, ки ҳаҷаш қабул нагаштааст.

Дасту пойи падарамро бандам?

Ба мӯйи падарам кайҳо сафедӣ дамида, соҳиби чандин набера  бошад ҳам, то ҳол шароб менӯшад. Ростӣ, бисёр кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин роҳи бад гардонем, вале нашуд. Шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳад? Дасту пояшро баста, дар хона маҳкам кунем ё ягон роҳи дигари ислоҳи падарам ҳаст?

МАНУЧЕҲР, аз вилояти Суғд 

Посух:- Латукӯб кардан ва озор додани волидонро ислом манъ кардааст. Фарзанд дар ягон ҳолат ҳуқуқ надорад, ки падар ё модарашро азият диҳад. Роҳи беҳтарини ҳалли ин масъала дар он аст, ки шумо мӯйсафедони ҳамсинну соли падаратонро пайдо намоед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки бо панду насиҳат ӯро аз ин роҳи хато баргардонанд.

Худо зиноро мебахшад?

Ман зино кардам ва аз кори кардаам сахт пушаймонам. Мехоҳам донам, ки баъди ин гуноҳи азим никоҳи ман бурида шудааст ё не? Илтимос, дар ин бора муфассал маълумот диҳед. Худованд зиноро мебахшад ё не?

Хонандаи «Оила»

Посух:- Бо анҷом додани зино никоҳ аз байн намеравад ва инсон кофир намешавад, аммо бояд донист, ки зино гуноҳи кабира аст ва паёмади ногувор дорад. Дунё ба мисли куҳ аст ва амали мо дар он ба монанди садо. Ҳар кас дар ин дунё чӣ амале, ки анҷом дод, хоҳ нек ва хоҳ бад, натиҷаи онро хоҳад дид. Шумо ба даргоҳи Худо сидқан тавба кунед ва кӯшиш намоед, ки бештар амалҳои некро анҷом диҳед, умед аст, ки Худованд гуноҳатонро бибахшад. Зино яке аз гуноҳҳои вазнин аст, ки баракатро аз зиндагӣ рафъ мекунад. Хуб аст, ки гуноҳи худро дарк кардед ва зуд ба даргоҳи Худо рӯй оварда, тавба кунед. Тавба кафили авфи гуноҳҳост ва Худованд раҳмону раҳим аст. Иншоолоҳ гуноҳи шуморо мебахшад.

Мусалмон ошиқ мешавад?

Ишқ дар Ислом чӣ маъно дорад? Оё одами мусалмон ҳақ дорад, ки ошиқ шавад? Илтимос, дар ҳамин бора пурра маълумот диҳед.

САРВАР, шаҳри Душанбе

Посух:- Ишқ ва дӯст доштан аз сиришт ва табиати башарӣ аст ва инсонро дар он ҳеҷ ихтиёре нест. Муҳим он аст, ки инсон ба хоҳишоти нафсонии худ пайравӣ накунад ва ҳар чиро, ки шариат манъ кардааст, худро аз он нигоҳ дорад. Бояд мусалмон муҳаббат ва тарси Худоро дар қалбаш ҷой кунад, дар ин сурат ба ҳеҷ гуна муҳаббати нокомкунанда мубтало нахоҳад шуд. Аз нигоҳи дини ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурданро бар дӯш мегузорад. Шумо агар ҷавонед ва ошиқ шудаед, кӯшиш кунед, ки ишқатонро ба гуноҳ олуда насозед ва даст ба корҳои зишт назанед. Ишқ бояд зиндагии шуморо бо ҳамсаратон некӯ кунад, на ин ки шуморо ба гуноҳ барад. 

Хондани намози қазоӣ ҳатмист?

Худованд ба намози фарз амр кардааст, на ба суннат. Агар намозҳои суннат қазо шаванд, дар рӯзи қиёмат аз инсон пурсида мешаванд ё не?

Шодӣ СОЛИҲОВ, шаҳри Душанбе

Посух:- Бародари азиз, суннатҳо дар баъзе мавридҳо қазо дошта мешаванд, мисли суннати бомдод, суннати пешин ва суннати ҷумъа. Худованд ба мо мутлақ намоз хонданро фарз накардааст, балки намоз хондан ба мисли Пайғомбар (с)-ро фарз қарор додааст. Он Ҳазрат (с) ҳеҷ намозеро бидуни суннатҳояш нахондаанд. Суннат ҷузъе аз дин аст ва муҳим надонистани он истихфоф ба дин шумурда мешавад. Дар китоби “Раддул-муҳтор”, ҷ. 5, с. 109 мавқеи уламои ҳанафиро чунин баён кардааст: “Агар суннат тарк кард, вале ба ҳақ будани он эътиқод дорад, дар ин сурат гунаҳгор мешавад, вале ба ҳақ будани он эътиқод надошта бошад, аз дин хориҷ мешавад, зеро ин кор истихфоф (муҳим надонистан) ба суннат аст.

Қорӣ гӯем, гунаҳгор мешавем?

Яке аз хешовандонамон дар асл қории Қуръон нест, лекин аз сабабе, ки нобино аст, ҳама ӯро қорӣ ном мебаранд. Мегӯянд, ки агар ӯро қорӣ гӯем, гунаҳгор мешавам. Оё ин рост аст?

КОМРОН, шаҳри Истаравшан

Посух:- Қорӣ калимаи арабӣ буда, маънои хонандаро дорад. Шахсоне, ки Қуръонро аз ёд медонанд, онҳоро ҳофизи Қуръон мегӯянд. Ҳар кас, ки Қуръонро аз рӯи ҳарф хонда метавонад, он нафарро метавон қории Қуръон номид ва он нафаре, ки ӯро қорӣ ном мебарад, ғалат намекунад. Дар мардуми мо гоҳо нобиноҳоро қорӣ мегӯянд, ки ин ба қории Қуръон дахл надорад ва ҷурм ҳам нест.

Ба шикам хоб равӣ, кофир мешавӣ?

Дар “Фейсбук” хондам, ки як нафар навиштааст “агар одам ба шикам хоб равад, ин яке аз нишонаҳои дӯзахӣ будани ӯст”. Ин сухан то куҷо ҳақиқат дорад?

ШОИРА, ноҳияи Варзоб

Посух:- Ба шикам хобидан хилофи суннати Пайғамбар (с) аст. Ин навъ хобро аз навъи хоби шайтонӣ зикр кардаанд. Кӯшиш кунед, ки бо китфи рост бихобед. Ин навъи хоб аз рӯйи илми тиб низ манфиатовар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.