Ҳушдори КҲФ: Имрӯз хатари омадани селу резиши санг боқӣ мемонад! (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селу резиши санг боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз қаторкуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакуҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *