1,5 миллион ба хотири “шаҳри сабз”

Мавсими тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли равон дар миқёси мамлакат беш аз 1,5 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишиву мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 109 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Номбурда гуфт, ки ниҳолшинонӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба ободонию кабудизоркунӣ ва иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба «шаҳри сабз» тадбил додани пойтахт мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *