81,33 км роҳ, 3 пул ва 3 облӯла аз офатҳои табиӣ хароб шудаанд
Давоми соли 2022 дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ 81,33 км роҳ, 3 пул (39 метр) ва 3 облӯла (32 метр)-ро хароб кардааст, ки зарари расидашуда 2 млн 370,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин омор имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт қайд гардид.
Аз ин омор 56,1 км роҳ ва 1 пул ба дарозии 18 метр ба маблағи 332,2 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо барқарор шудааст.
Шарҳ