Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» Чжоу Чжиюсун мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҷонибҳо аснои мулоқот доир ба фаъолияти имрӯзаи корхона, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти семент ба хориҷи кишвар мубодилаи афкор намудаанд.
— Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент буда, он дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида буд. Агар дар соли 2016 дар корхона 429 ҳазор тонна семент ба маблағи 208,8 миллион сомонӣ истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021 ба маблағи 666,6 миллион сомонӣ 1,2 миллион тонна семент истеҳсол карда шудааст. Яъне ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол зиёд шуда, бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ таъмин гардида истодааст. Ҳамзамон, қисме аз маҳсулот ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 933,5 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки маблағи он 415,2 миллион сомонӣ аст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки раиси вилоят ба роҳбарияти корхона барои ҳарчи бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, зиёд намудани содирот, иҷрои уҳдадориҳо ва корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳо дода, таъкид кардааст, ки корхона бояд соли ҷориро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *