Абдуфаттоҳи Ғоиб мавлуд дорад. Собиқ раиси Хадамоти гумрук 60-сола шуд

Собиқ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ба синни мубораки 60 расид.

Абдуфаттоҳи Ғоиб 18-уми ноябри соли 1962 дар деҳаи Ғичовак (Хушобак)-и ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунад.

Фаъолияти кориро дар шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шуруъ кардааст. Сипас мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад.

Солҳои 1994-1995 барои кор ба шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара таъин мешавад. Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳи иқтисодии Идораи корҳои дохилии шаҳри Душанбе идома медиҳад.

Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд роҳбари Хадамоти гумрук буд.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.