Абдулло РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. 21-уми феврали соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами 17-и ноҳияи Фархор гирифта, соли 2000-ум ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Донишгоҳро соли 2005 бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос — омӯзгор хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти меҳнатии худро ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) шуруъ намуда, сипас дар кафедраи ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳи мазкур то соли 2009 ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият намудааст.

Аз соли 2009 то 2013 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маориф, сармутахассиси шуъбаи қонунгузории андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ ва муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба  муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2013 то моҳи августи соли 2017 дар Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос фаъолият намудааст.

Аз моҳи августи соли 2017 то 25-уми январи соли 2020 дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сифати раиси Кумитаи иҷроия кору фаъолият намудааст.

Аз 27-уми январи соли 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Қадршиносӣ. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии медали “Хизмати шоиста” мебошад. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.