Академияи илмҳо — калонтарин маҷмааи бунёднашуда
70 сол қабл, 14-уми январи соли 1953 меъмор Ҳикмат Юлдошев лоиҳаи бинои Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравиро ба анҷом расонид, вале сохтмони он амалӣ нашуд. Чаро?
14-уми апрели соли 1951 Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфт. Идеяи сохтмони бинои нави Академияи илмҳоро Президенти вақти он Садриддин Айнӣ пешниҳод карда буд. Лоиҳаи бино аз ҷониби лоиҳакашони ҷавони ленингардӣ дар ташкилоти «Тоҷикпроект» таҳти роҳбарии раиси бахши тоҷикистонии Иттифоқи меъморони ИҶШС Ҳикмат Абдулоевич Юлдошев (20.12.1913 — 1983) ба анҷом расид.
14-уми январи соли 1953 Ҳикмат Юлдашев лоиҳаро ба Садриддин Айнӣ пешниҳод кард. Макони сохтмони майдони Путовский муайян гардида буд.
Услуби меъмории ин лоиҳа чӣ гуна буд? Услуби лоиҳаро метавон услуби пешқадами сталинӣ (Сталинский ампир) унвон кард, ки дар меъмории шӯравӣ аз соли 1936 то соли 1954 давом кард. Биноҳои ин услуб зебо ва боҳашаммат буданд.
Дар бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон низ мебоист аз сабкҳои хосаи меъморӣ истифода кунанд: барелефҳо бо рамзҳои советӣ ва миллӣ, композитсияҳои ҳайкалтарошии қадим, асрҳои миёна ва муосир… Дар тарҳрезии фасадҳо ва ороиши дохилии бино тибқи лоиҳа бояд сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо, монанди мармар, гранит, биринҷӣ ва ғайра истифода мешуданд.
Вале афсӯс, ки лоиҳа дар рӯйи коғаз монд. 25-уми марти соли 1953 баъди се ҳафтаи реҳлати Иосиф Сталин Ҳукумати шӯравӣ сохтмони лоиҳаҳои боҳашамматро қатъ кард. Аз ҷумла сохтмони бинои Академияи илмҳои Тоҷикистонро. Баъдан дар ин макон дар майдони Путовский бинои КМ ҲК Тоҷикистон сохта шуд…
Ғафур ШЕРМАТОВ, муаррих
АЗ ИДОРА:
Чӣ мешавад, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод кунад, то ин лоиҳа дар замони истиқлоли кишвар бунёд шавад ва орзуи устод Садриддин Айнӣ — фармоишгари бевоситаи лоиҳа амалӣ гардад!?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ