Амриддин Аловатшоев ба корҳои ҷиноятӣ даст назадааст

Гуфта мешавад, ки Амриддин Аловатшоев дар пайи шиканҷаи сахти мақомоти Тоҷикистон ду рӯз беҳуш хобидааст.

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардуми Бадахшон, ки аз Маскав рабуда шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта, беш аз ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Дар ин бора Алим Шерзамонов муовини раиси ПМТ дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст.

“Бино ба иттилои расида, ду рӯз қабл Амриддин Аловатшоев мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта, дар пайи он беш аз ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифтааст. Ӯ то ҳол ба адвокат дастрасӣ надорад ва ба ӯ ёрии тиббӣ низ расонида намешавад”- менависад Алим Шерзамонов.

Дар ҳамин ҳол “Pamir Daily News” дар истинод ба манобеи худ хабар медиҳад, ки Аловатшоевро охирҳои моҳи январ ба амакаш нишон додаанд, аммо амакаш пас аз суҳбат бо кормандони КДАМ дар бораи дар чӣ вазъият қарор доштани Амриддин чизе ба мардум ва расонаҳо намегӯяд.

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Мақомоти тоҷик то рӯзи 2-юми феврал боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯро рад мекарданд.

Юсуф Раҳмон Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 2-юми феврал баргузор гардид гуфт, ки Аловатшоев аз соли 2018 дар пайгард қарор дошт ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва истирдод шуд, аммо ӯ нагуфт, ки бар зидди Аловатшоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки худи ҳамон рӯз, яъне 2-юми феврал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ гуфт, ки Аловатшоев Амриддин бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва Душанбе истирдод нашудааст, балки худи ӯ «аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем, чунки нисбати ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.»

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Аловатшоев аз пеш парванда оғоз шуда буд ва дар пайгард қарор дошту бо дархости Тоҷикистон боздошт ва истирдод шудааст, аммо Рамазон Раҳимзода гуфтаҳои ӯро рад мекунад ва мегӯяд, ӯ дар пайгард қарор надошт, худи ӯ ба кишвар баргашт ва баъдан боздошт шуд. Инҷо кӣ ҳақиқатро мегӯяд номаълум аст.  

Наздикон ва нафароне, ки Аловатшоевро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба корҳои ҷиноӣ даст назадааст.

Амриддин Аловатшоев, дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *