Амрико ҳавопаймою чархболҳои Афғонистонро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон медиҳад?

Нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки Амрико бо Ӯзбекистону Тоҷикистон дар мавриди бар ивази тақвияти ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм ба ду кишвар вогузор кардани ҳудуди 50 чархболу ҳавопаймои неруҳои ҳавоии Афғонистон музокирот пеш мебарад.

Гуфта мешавад, ки ин чархболу ҳавопаймоҳоро моҳи августи соли 2021, қабл аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ва ба қудрат омадани Толибон халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода буданд.

Дар матлаби Politico зикр шудааст, ки як сол пеш халабонҳои афғон тақрибан 25 фоизи тамоми чархболу ҳавопаймоҳои он кишвар, аз ҷумла чархболҳои навъҳои UH-60 Black Hawk, Ми-17, Ми-25, ҳавопаймоҳои навъҳои PC-12, C-208, AC-208 ва A-29-ро ба ин ду кишвар “гурезонданд”.

Вазорати мудофиаи Амрико қаблан гуфта буд, ки дар умум аз Афғонистон 46 чархболу ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва 18 адади дигар ба Тоҷикистон бурда шудааст.

Аксари ин техникаро ба Афғонистон Амрико дода буд ва аз ин рӯ, вақте ки Толибон исрор меварзиданд, ки ин ҳама моли Афғонистон аст ва бояд баргардонида шавад, мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки онҳо ба Амрико тааллуқ доранд ва сарнавишташонро бояд Вашингтон муайян кунад. Душанбе то кунун ягон бор даъвоҳои Толибон ба ин чархболу ҳавопаймоҳоро шарҳ надодааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.