Астроэкскурсия. Чӣ тавр ҷавони тоҷик мардумро бо олами моҳу ситораҳо ошно мекунад?

Парвизи Орзуқул ҳар шом кӯдакону наврасонро ба олами моҳу ситораҳо роҳнамоӣ мекунад. Ӯ бо телескопи худ дар майдонҳои Сирки давлатӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон астроэкскурсия ташкил мекунад. Мегӯяд, ҳадафи ӯ ҷалби таваҷҷуҳи наврасон ба илмҳои дақиқ, хоса астрономия аст.

Парвиз Орзуқул донишҷӯйи риштаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ аст, вале ба астрономия шавқи беандоза дорад.

“Аз кӯдакӣ ҳамеша ба осмон нигоҳ мекардаму ситораҳоро мешуморидам. Ба худ суол медодам, ки онҳо чӣ бошанд? Чӣ хел пайдо мешаванд? Ин суолҳо маро ба омӯзиш водор карданд. Баъдан дар мактаб ба фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шавқ пайдо кардам. Ман дар деҳа калон шудаам ва намедонистам, ки дар Тоҷикистон ин соҳа чӣ гуна рушд кардааст. Бинобар ин, зиёдтар филмҳои ҳуҷҷатии Стивен Хокингро тамошо мекардам. Фазо ва астраномия аз овони кӯдакӣ бо ман аст”,- мегӯяд Парвиз.

Парвиз бо омӯзишҳои худ қаноат накарда, тасмим гирифт, ки дигаронро низ ба асрори коинот ошно кунад. Бинобар ин, аз моҳи апрели ҳамин сол ӯ дар назди Сирки давлатӣ ва Китобхонаи миллӣ астроэкскурсия роҳандозӣ намуд. Астроэкскурсияи ӯ комилан ройгон аст.

Парвиз ҳамроҳи телескопи худ ҳар шом соати 19:00 ба яке аз ин майдонҳо омада, астроэкскурсия ташкил мекунад. Ин иқдоми ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёде пайдо кард.

“Аввалҳо мардум ба ман ва телескопам ҳайрон-ҳайрон нигоҳ мекарданд. Худам ҳам аввалҳо дар ҳолати ногувор мемондам. Вале зиёд мехостам, ки мардум дар бораи астрономия маълумот дошта бошанд. Бинобар ин, аз онҳо даъват мекардам, ки дар астроэкскурсияи ман ширкат кунанд. Гумон надоштам, ки одамон ин қадар ба астраномия тавваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Ҳатто дар яке аз рӯзҳои моҳи май дар рӯзи астрономия, теъдоди хоҳишмандон ба 1000 нафар расид”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Парвиз мегӯяд, ки аксари сокинони кишвар дар бораи астрономия кам маълумот доранд: “Мардум намедонанд, ки моҳу ситора аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд. Дар вақти тамошо бо телескоп онҳо суолҳои аҷиб медиҳанд. Аз ҷумла мепурсанд, ки бо ин асбоб обу ҳаворо санҷидан мумкин аст ё не? Боз мепурсанд, ки канӣ бо телескопат бин, тақдири мо чӣ мешуда бошад? Ва монанди ин. Албатта, ман кӯшиш мекунам, ки ба саволҳои онҳо посухи дуруст диҳам”.

Парвизи Орзуқул дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам барои дӯстдорони астрономия бо забони тоҷикӣ маълумот омода мекунад. Саҳифаи ӯ “Всенаука” дар Facebook 36 ҳазор обуначӣ дорад. Дар шабакаи “Ютюб” низ ӯ саҳифаи “ADASTRA PO”-ро роҳандозӣ кардааст, ки дар он низ бо забони тоҷикӣ оид ба илмҳои дақиқ маълумот нашр мекунад. Ҳамин аст, ки соли равон ӯ дар рейтинги “Топ 10 блогери беҳтарини Тоҷикистон” қарор гирифт.

Парвиз мегӯяд, ки соҳаи астрономия дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ рушд накардааст, бинобар ин, ӯ магистратураро дар кишварҳои хориҷ давом доданист.

“Падару модарам мехостанд, ки дар оянда табиб шавам. Ман ба астрономия тавваҷҷуҳ доштам, вале донишҷӯйи риштаи энергетика шудам. Вале ба астрономия шавқи бештар дорам. Телескопро бо маблағи худам харидам. Мехоҳам дар оянда дар ин самт муваффақ шавам. Ҳам худам асрори коинотро омӯзам, ҳам онро ба дигарон омӯзонам”,- мегӯяд Парвизи Орзуқул.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *