Аз афзоиши гардиши савдои хориҷӣ то вазъи воқеии иқтисоди Тоҷикистон

Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 79,3 млрд сомонӣ баробар шудааст.

Дар ин бора раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар муҳокимаи парламентӣ изҳори назар кард.

Ҳамзамон ба гуфтаи Қурбонзода, суръати рушди воқеии он ба 7,8 фоиз баробар гардид.

Гуфта мешавад, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин вакили парлумон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 18,0 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,8 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 17,0 фоиз, афзоиш ёфтааст.

Инчунин, дар бахши хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 16,2 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 11,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 18,8 фоиз, афзоиш ёфта, дар маҷмуъ боиси таъмин гардидани рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардид.

Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 миллиарду 410 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *