Аз картошка чӣ омода мешавад? Дар бозори “Меҳргон” мефаҳмед

Рӯзи 26-уми ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори аввал «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзии кишвар, дар фестивали мазкур хоҷагиҳои картошкапарварии мамлакат навъҳои беҳтарини картошкаи худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Инчунин, дар ин рӯз хони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни хӯрокҳо аз картошка омода ва ороста мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда то 18-уми ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқони ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.