Аз таҳкими ҳамкорӣ то мубориза зидди таҳдиду хатарҳои муосир. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Боқирӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқирӣ мулоқот кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сарвари давалат, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи аршади артиши Эрон дар Қасри миллат пас аз зуҳри 17 май барпо шуд.

«Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд», — афзудааст манбаъ.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.