Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Роҳро намедонам

Далери чорсола ғамгин нишастааст. Модараш аз ӯ мепурсад:

— Бачаҷон, чаро ғамгинӣ?

Далер:

— Калон шудан намехоҳам.

Модар:

— Барои чӣ? Калон шудан хуб аст ку!

Писарак мегӯяд:

— Аввал ба мактаб рафтан даркор, баъд ба донишгоҳ, сипас ба ҷои кор. Ман бошам, роҳро намедонам!…

Хешовандон

Зану шавҳар бо мошин аз назди деҳае мегузаранд. Зан ду маркабро дида, ба шавҳараш мегўяд:

— Хешовандонатро дидӣ?

Шавҳар мегӯяд:

— Наход хусуру хушдоманамро надида гузарам!?,- ҷавоб медиҳад мард.

Эҳтиёт

Ронандаи таксӣ мошинро сахт ронда, ҳатто чароғаки сурхро мегузарад… Зани мусофире, ки дар дохили он менишаст, мегӯяд:

— Ронанда, мошинро боэҳтиёт ронед, ман дар хона ҳашт фарзанд дорам!

Ронанда бо чашмони пур аз ҳайрат мегӯяд:

— Шумо ба ман дар бораи эҳтиёт гап мезанед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *