Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Чуқурӣ

Дар маркази шаҳр чуқурии калоне пайдо шуд. Чанд нафар ба он афтода, ҷароҳат бардоштанд. Барои бартараф кардани мушкилӣ мутахассисони соҳаро даъват карданд.

Мутахассиси аввал гуфт:

— Дар назди чуқурӣ ҳамеша мошини ёрии таъҷилиро гузоштан лозим аст, то ба афтодагон ёрии аввалин расонад.

Мутахассиси дуюм гапи ӯро рад намуда, пешниҳод кард:

— Дар ин наздикӣ бояд беморхона сохт, то пешпохӯрдагон зуд ба беморхона раванд.

Мутахассиси сеюм гуфт:

— Ҳар дуи шумо ақл надоштаед, бояд ин чуқуриро хок пур кунему дар пеши ягон беморхона чуқурӣ канем.

Иҳота

Ронандае дар ҳолати мастӣ мошин меронад ва аз ҷониби як нафар нозири роҳ, ки май нӯшидааст, манъ карда мешавад. Корманди ширакайфи БДА аз ронанда мепурсад:

— Чаро шумо дукаса мошинро меронед?

Ронанда мегӯяд:

— Ҳа, ба шумо — нозирони роҳ Худо дод-а? Дарҳол ҳамакаса маро иҳота мекунед?

Имтиҳон

Донишҷӯе аз фанни ҷуғрофия имтиҳон месупорад. Ба саволҳои устод хеле суст ҷавоб медиҳад. Профессор мепурсад:

— Хуш, ҷавони нағз, мебинам, ки каллаи шумо мисоли биёбон холист!

Донишҷӯ дар ҷавоб:

— Эҳтимол устод, вале дар ҳар биёбон сабзаҷое ҳасту уштурҳои беақл онро пай намебаранд…

Система

Рӯзи 1-уми сентябр, дар синфи як муаллима ба толибилмон мегӯяд:

— Бачаҳо, шумо ба мактаб омадед. Дар ин ҷо хомӯш нишастан лозим аст. Агар чизе пурсиданӣ шавед, даст бардоред. Аҳмад дасташро мебардорад. Омӯзгор дарҳол мепурсад:

— Ту чӣ пурсидан мехоҳӣ, Аҳмадҷон?

Аҳмад дар ҷавоб:

— Не, ман ҳамту фаҳмидан хостам, ки ин система чӣ гуна амал мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *