Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дандон

Зане ба назди дандонпизишк меравад:

— Духтурҷон, ман аз дандонканӣ чунон метарсам, ки… тайёрам таваллуд кунаму дандон наканам.

Духтур мегӯяд:

— Зудтар ба як қарор оед, таваллуд мекунед ё дандонатонро канам?

Арзи сипос

Дандонпизишк дандонро канда, ба бемор нишон медиҳад:

— Ана, бародар, дандони шумо!

Бемор:

— Ана, духтур, дастаи курсии шумо!

Қартабозӣ

Яке аз мизоҷони доимии тарабхона ҳамеша ба пешхизмат чойпулии бисёр медод. Як бегоҳ боз ба ҳамин тарабхона меояд, вале ба наздаш пешхизмати доимиаш неву пешхизмати дигар меояд.

Мизоҷ:

— Пешхизмати ман канӣ?

Пешхизмат:

— Ӯ шуморо ба ман дар қартабозӣ бой дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *