Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Моҳӣ

Субҳ зан мардашро меҳрубонона бедор мекунад:

— Субҳат ба хайр, харгӯшак! Хез, Гурбачаяк. Охир, бедор шав, Офтобак…

Дар ҷавоб мешунавад:

— Ман имрӯз моҳиям, ман пой надорам ва ба ҳеҷ куҷо намеравам!

Раҳматнома

Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада, гуфт:

— Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.

Сардор гуфт:

— Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт эҳтиёҷ дорем.

Меҳри шоир

Аз пурхӯре пурсиданд:

— Ба кадом шоир меҳр дорӣ?

Гуфт:

— Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.

— Ба хотири чӣ?

Гуфт:

— Ба хотири як байти ӯ. Ва он байтро бо шавқи тамом замзама кард:

Куҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам,

Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.