Аз таҳти дил бихандед!
Панд
Марде ба арақнӯш панд медод:
– Касе, ки арақ нанӯшад, умри дароз мебинад.
Арақнӯш:
– Дуруст мегӯӣ, се рӯз арақ нанӯшидам, се рӯз чун се сол гузашт.
Пули халқ
Нозири андоз аз раиси корхонае мепурсад:
– Шумо қасри боҳашаммат, панҷ мошини «Мерседес» ва шаш хонаро дар маркази шаҳр бо пули худатон харидед?
Раис дар ҷавоб:
– Боз бо пули кӣ ҳам мехаридам?
Нозири андоз мегӯяд:
– Ба фикрам, тамоми дороии шумо бо пули халқ аст!
Раис мегӯяд:
– Шумо чиҳо мегӯед?! Халқ аз куҷо ин қадар пул дорад?
Асир
Зане ба муқобили фашистҳо ба ҷанг меравад. Аз ӯ мепурсанд:
– Дар ҷанг чӣ қаҳрамонӣ нишон додӣ?
Зан дасташро ба шикамаш монда, мегӯяд:
– Як бачаи немисро асир гирифтам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ