Аз таҳти дил бихандед!

Омӯзгор

Аз талабае пурсиданд:

— Аз куҷо забони ӯзбекиро чунин хуб ёд гирифтӣ?

Талаба дар ҷавоб:

— Муаллими забони англисиямон ӯзбек буд…

Рухсатӣ

Корманд ба раисаш мегӯяд:

— Шеф, ба ман серӯза рухсатӣ диҳед.

Раис ҳайрон шуда:

— Охир, ту навакак аз рухсатӣ омадӣ-ку!

Корманд мегӯяд:

— Ман зан мегирам.

Раис мегӯяд:

— Чаро вақти рухсатият зан нагирифтӣ?

Корманд дар ҷавоб:

— Рухсатиямро халалдор кардан нахостам.

Марги сардор

Сардори корхонае мефавтад. Коргаронаш дар маҷлисгоҳ ҷамъ мешаванд. Яке аз кормандон мегӯяд:

— Шахси фавтидаро ба некӣ ёд кардан лозим, ё хомӯш истодан беҳтар аст.

Коргари дигарӣ дар ҷавоб мегӯяд:

— Ин тавр бошад, биёед хомӯшона мерақсем.

Сарзаниш

Писарбачаи хурдсолеро ба намоиши опера мебаранд. Писарак баъди чанд дақиқаи тамошо ба модараш мегӯяд:

— Оча, ин амакро касе сарзаниш намекунад?

Модар ҳайрон шуда, мепурсад:

— Барои чӣ сарзаниш кунанд, писарам?

Писарбача мегӯяд:

— Вақте ки мо дар боғча чунин дод мезанем, моро сарзаниш мекунанд.

Халосӣ

Марде ба дӯсташ мегӯяд:

— Ман шавҳари якуми занамро меҷӯям.

Мард ҳайрон шуда, мепурсад:

— Шавҳари якуми занат ба ту чӣ лозим?

Мард мегӯяд:

— Донистан мехоҳам, ки дар вақташ чӣ гуна аз ин аҷуза халос шуда бошад?

Африқо

Писарбача аз падар мепурсад:

— Дада, ҳамин Африқо аз мо дур аст?

Падар мегӯяд:

— Ба фикрам не. Барои он ки, як зангӣ ҳамкорамон аст, ҳар рӯз ба ҷои кор бо дучарха меояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.