Аз таҳти дил бихандед!
Даъво
Мӯйсафеде ба духтур мегӯяд:
– Духтур, даъвои ман ин буд, ки пеши чашмонам доғҳои хира медидам, баъди муолиҷаи шумо баръакс доғҳо тамоман рӯшан шуда рафтанд. Худаш чӣ гап? Ё аз болоятон ариза нависам?
Духтур дар ҷавоб:
– Бобоҷон, ман чашмони шуморо муолиҷа кардам, доғҳои айнакатонро набераатон бояд тоза кунад.
Баҳс
– Ман ҳама чизро медонам!,- гуфт Википедия.
– Аз ман ҳама чизро ёфтан мумкин аст!,- лоф зад Googl.
– Ман дар дунё аз ҳама асосӣ ҳастам!,- иброз намуд Интернет.
– Ҳой, ҳой…,- огоҳ кард барқ.
Мавзӯи мардона
Як гурӯҳ ҷавонон байни худ дар бораи духтарон гап мезананд. Якеаш мегӯяд:
– Э биё мон ҳамин духтаронро, беҳтараш дар бораи кайҳон ва сайёраҳои дигар гап мезанем.
Баъд аз хомӯшии тӯлонӣ яке аз ҷавонон мегӯяд:
– Аҷиб, дар кайҳону сайёраи дигар духтарон вуҷуд дошта бошанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ