Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ақли расо

Марде бо карру фар дар ситоиши худ мегуфт:

– Аз ҳеҷ чизи дунё камӣ надорам.

Яке аз ҳозирбудагон гуфт:

– Бале, бале, ба ҷуз ақли расо!

Истироҳат

Аз суҳбати ду рафиқ:

– Дӯстам, боре Варзоб истироҳат рафта будӣ?

– Бале.

– Қайроққум чӣ?

– Қайроққум низ.

– Кадомаш беҳтар аст барои истироҳат?

– Намедонам. Ман ҳамроҳи занак рафта будам.

Ҷавонӣ

Зан ба шавҳар мегӯяд:

– Дар ҷавонӣ аҳмақ будаам, ки барои зани шумо шудан розӣ шудам.

Шавҳар мегӯяд:

– Занак, ҳоло ҳам ҷавон менамоӣ…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *