Аз таҳти дил бихандед!
Духтури шинос
Дандони дӯсти Афандӣ дард мекунад. Афандӣ мегӯяд:
– Рафтем, ман як духтури шинос дорам, арзон дандонатро меканад.
Ҳарду назди духтур мераванд. Баъд аз кандани дандон дӯсташ ба Афандӣ рӯй меорад:
– Мешиносам, арзон меканад гуфтӣ, барои чӣ ин қадар пули калон гирифт?
Афандӣ:
– Ман вайро мешиносам, аммо вай маро намешиносад.
Шавҳаркуш
Дар толори суд аз зани шавҳаркуш мепурсанд:
– Чор шавҳари шумо аз истеъмоли замбурӯғи заҳрнок фавтиданд, панҷумаш бошад, аз зинаҳо сарозер шуд. Шумо ин фоҷиаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Зан дар посух мегӯяд:
– Шавҳари панҷумам замбурӯғ намехӯрд.
Ҷарима
Корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ мардеро барои баланд намудани суръати нақлиёт ҷарима мекунад. Баъди гирифтани маблағи калон нозири роҳ ба ронанда квитансия медиҳад.
– Квитансия ба ман чӣ даркор?,- мепурсад ронанда.
Нозири роҳ дар ҷавоб: – Ин квитансияҳоро гум накунед, вақте ки шумораашон ба 12 расид, соҳиби велосипед мешавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ