Аз таҳти дил бихандед!
Кару кӯр
Ҷанҷоли оилавӣ. Зан:
– Ман кару кӯр будам, ки зани ту барин мард шудам!
Мард:
– Ин тавр бошад, ба ман раҳмат гӯ, ки туро аз ин бемориҳо халос кардам!
Аз кӣ металабем?
Як марди дунёдида аз сина оҳи сард бароварда, ба дўсташ арз кард:
– Агар гузаштан ба бозори иқтисодӣ ҳамин бошад, то ба бозор мерасем, ки ҳама гадо мешавем.
Дўсташ ба ў дида дўхта, гуфт:
– Чӣ, чӣ? Гадо мешавем?
Мард гуфт:
– Бале! Гадо, яъне талбанда.
Гуфт:
– Он вақт аз кӣ металабем?!
Шоҳмотбозӣ
Дар ресторан.
– Мебахшед, ин мусиқачиёну сарояндаи шумо, чизе ман гӯям, бозӣ карда метавонанд?
– Албатта! – Хеле хуб. Ба онҳо гӯед, ки то хӯрокро хӯрда тамом кардани ман камтар шоҳмотбозӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ