Аз таҳти дил бихандед!
Дашном
Коргардон ба драматург мегӯяд:
– Ман асари шуморо мутолиа намудам, вале барои ба саҳна гузоштан ризоият намедиҳам. Зеро зидди дашному ҳақорат дар театр ҳастам.
Драматург мегӯяд:
– Вале дар матни ман ҳақорат нест.
Коргардон мегӯяд:
– Дар матн нест, вале дар зал мешавад.
Зангирӣ
Шер – шоҳи ҷангал издивоҷ кард. Дар маросими тӯяш ҳамаи ҳайвонҳоро даъват кард. Муше, ки он ҷо ҳузур дошт, зуд-зуд ба шер мегуфт:
– Тӯят муборак шавад, бародар, муборак!
Паланге аз ин гуфтаҳои муш ба хашм омаду гуфт:
– Ту чӣ тавр ҷуръат карда, шоҳи ҷангалро бародар мегӯӣ? Ту куҷову шер куҷо?…
Муш гуфт:
– Асабонӣ нашав, паланг! Ман ҳам пеш аз зан гирифтанам шер будам…
Занбӯр
Аз сари сангпушт занбӯр мегазад. Чанде зӯр зада, сарашро таги косахонааш кашиданӣ мешавад, вале наметавонад.
Ночор мегӯяд:
– Обоооо, имшаб дар берун мемонем чӣ бало?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ