Аз таҳти дил бихандед!
Атса
Дар маҳбас як зиндонӣ аз дигараш мепурсад:
– Ту барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?
Зиндонии дуюм мегӯяд:
– Барои сулфа.
Зиндонии якум ҳайрон мешавад:
– Чӣ хел?
Зиндонии дуюм:
– Ман атса задам, посбон бедор шуд.
Қарз
Аз зане мепурсанд:
– Шавҳаратон қарзи худро дар бистар иҷро мекунад?
Зан мегӯяд:
– Шумо чиҳо мегӯед, шавҳарам ҳар шаб аз нав қарздор мешавад!
Беодоб
Падар ба духтари калонияш мегӯяд:
– Духтарам, рав барои ман об биёр.
Духтари калонӣ:
– Э-э-э дада, ман телевизор тамошо дорам, ғам надеҳ!
Ин дам духтари хурдӣ мегӯяд:
– Дада, Суман ҳамин хел беодоб аст, рафта худатон об нӯшида, барои ман ҳам биёред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ