Аз таҳти дил бихандед!
Муҳаббат
Ҷавоне ба маъшуқааш мегӯяд:
– Ман пулдор нестам. Масалан, мисли рафиқам чанд хона, мошин ва вазифа надорам. Ман фақат дӯстат медорам.
Баъди шунидани ин суханон ашк дар чашмони духтар ҳалқа зада, мегӯяд:
– Агар воқеан дӯстам медорӣ, маро бо он рафиқат шинос кун.
Нобоварӣ
Падар аз писараш мепурсад:
– Ман ба ту даҳ дона себ медиҳаму сетояшро гашта мегирам. Дар дасти ту чӣ мемонад?
Писар дар ҷавоб:
– Нобоварӣ…
Сабаби марг
Ҳамшираи тиб аз духтур мепурсад:
– Доктор, сабаби марги шахси фавтидаро чӣ нависам?
Духтур:
– Навис, ки коронавирус.
Ҳамшира бо тааҷҷуб:
– Чӣ хел коронавирус, охир дар ҷисми мурда пайи тири милтиқу теғи корд аст…
Духтур мегӯяд:
– Навис, коронавирус дар заминаи бемориҳои иловашуда!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ