латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Буз

Ҷавоне ба дӯсташ мегӯяд:

– Ман исбот мекунам, ки ту буз ҳастӣ?

Дӯсташ:

– Канӣ исбот кун.

Ҷавон мегӯяд:

– Ту аз унитаз об менӯшӣ?

– Не,- мегӯяд дӯсташ.

Ҷавон дарҳол мегӯяд:

– Дуруст, шохҳоят халал мерасонанд.

Қаҳва ё лойоба?

Мизоҷе дар ошхона ба пешхизмат мегӯяд:

– Пешхизмат, шумо ба ман чӣ овардед: қаҳва ё лойоба?

Пешхизмат мепурсад:

– Шумо фарқ карда наметавонед?

Мизоҷ дар ҷавоб бо қаҳр:

– Неъ!!!

Пешхизмат мегӯяд:

– Модоме ин тавр бошад, фарқаш чӣ?

Санҷиши садоқат

Зане пардаҳои хонаашро иваз мекунад. Шавҳар ба хона маст омада, дарҳол хобаш мебарад. Соати 4-и субҳ мард бедор шуда, як ба атрофаш нигоҳ мекунаду зуд либосҳояшро пӯшидан мегирад. Занаш ба ӯ мегӯяд:

– Ту ба куҷо?

Мард дар ҷавоб:

– Даматро гир, занам маро мекушад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *