Аз таҳти дил бихандед!
Заҳри сусттаъсир
Табиби ҷавоне дар дасти бемор финҷони қаҳваро дида, нидо мекунад:
– Шумо қаҳва менӯшед? Охир, қаҳва ба шумо мисли заҳр таъсир мерасонад!
Бемор дар ҷавоб:
– Эҳтимол чунин бошад, лекин заҳри бениҳоят сусттаъсир будааст. Ман онро муддати шаст сол аст, ки менӯшам.
Аблаҳ
Ҳангоми имтиҳон профессор аз донишҷӯи бесавод мепурсад:
– Шумо медонед, ки имтиҳон чист?
– Имтиҳон суҳбати ду нафари ботафаккур аст,- мегӯяд донишҷӯ.
– Агар яке аз онҳо аблаҳ бошад чӣ?,- мепурсад боз профессор.
Донишҷӯ оромона мегӯяд:
– Он гоҳ нафари дигар стипендия намегирад.
Тифли зирак
Зане ба меҳмонони хонааш мегӯяд:
– Марҳамат, хӯрдан гиред, шарм надоред…
Ин замон духтарчаи хурдсоли зан гапи модарашро бурида, мегӯяд:
– Оча, шумо нодуруст мегӯед. Мисли мураббияи мо ин тавр гӯед: “Нозу нузатонро дар хонаи худатон мекунед. Тез-тез авқот хӯред!”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ