Аз таҳти дил бихандед!
Мурғи шиновар
Марде ба хонаи ҳамсояаш дуздӣ рафта, мурғи ҳамсояро дуздида, ба хонааш меорад. Нав парҳои мурғро канданӣ мешавад, ки ҳамсоя аз дар даромада, мегӯяд:
– Ҳамсоя, чӣ кор мекунед?
Мард саросема шуда, мурғро ба даруни об партофта, мегӯяд:
– Мурғатон оббозӣ дорад, ман либосашро қапида истодаам.
Орзу
– Духтурҷон, роҳе ҳаст, то умрам дароз шавад?
– Зан гир!
– Зан гирам, умрам дароз мешавад?
– Не, дигар орзуи умри дароз намекунӣ!
Таксӣ
Марде таксӣ медорад:
– Акаи ронанда, то “Корвон” чанд пул мешавад?
– 100 сомонӣ.
– Сумкаҳоямро чанд пул мебаред?
– Сумкаҳоятонро бепул мебарам.
– Ин хел бошад, шумо сумкаҳоямро баред, ман худам бо автобус меравам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ