Аз таҳти дил бихандед!
Васият
Мӯйсафеде баъди садама дар дами марг ба завҷааш васият мекунад:
– Занакҷон, зиёд ғам махӯр, боз ба шавҳар мебароӣ, ҳамааш хуб мешавад…
Пиразан мегӯяд:
– Эҳ мардак, мани кампирро дигар кӣ мегирад? Агар ҳамин садамаи фалокат ақаллан 20 сол қабл рух медод, шонс доштам.
Рӯзи Худо
Марде шахси дурӯғгӯеро шарм доронданӣ шуда, аз ӯ пурсид:
– Бародар, ман медонам, ки ҳозир бе гапи дурӯғ зиндагӣ карда намешавад. Росташро гӯед, ки шумо кадом рӯзҳои ҳафта дурӯғ намегӯед?
– Мебахшед, ин хел рӯз нест. Тамоми рӯзҳои ҳафта рӯзи Худо, ба хафа кардани ягон рӯзи он дилам намешавад.
Гӯшти дирӯза
Марде ба бозор рафта, нархи гӯштро мепурсад. Фурӯшанда мегӯяд:
– Гӯшт қиммат шуд, дирӯз 65 сомонӣ буд, имрӯз 68 сомонӣ.
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Ба ман аз гӯшти дирӯза диҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ