Аз таҳти дил бихандед!
Хотира аз дӯст
Марде як рафиқашро дар кӯча дида, мегӯяд:
— Саъдулло, ту ба ман қарз дода метавонӣ?
Мард дар ҷавоб:
— Барои чӣ пул диҳам?
Саъдулло дар ҷавоб:
— Барои хотира дӯстам, барои хотира.
Имтиҳон
Толибилме баъд аз супоридани имтиҳон аз фанни ҷуғрофия аз Худо тавалло менамояд:
— Худоё, коре кун, ки Париж пойтахти Хитой бошад!
Нурофен
Зан ба духтур занг мезанад:
— Духтурҷон, шавҳарам нофаҳмида, «Нурофен» хўрдааст, чӣ кор кунам?
— Дар хона проблема доред?,- мепурсад духтур.
— Албатта. Кўдакон либоси зимистона надоранд, аз мактаб ҳам қарздорем, яхдон низ холӣ…
— Шуд, фаҳмо. Расо 45 дақиқа дар ҳамин бора гап занед, сари шавҳаратон, ки ба дард даромад, таблетка ҳайф намешавад.
Шарҳ