Аз таҳти дил бихандед!
Ислоҳ
Модар аз писараш мепурсад:
– Алишер, ту баҳои 2-и гирифтаатро аз фанни математика кай ислоҳ мекунӣ?
Алишер дар ҷавоб:
– Намедонам оча, муаллима журнали синфро пайваста бо худ мегардонад.
Бӯса
Ҷавоне ба дӯстдоштааш мегӯяд:
– Зебо, биё бозии рустшавакон мекунем. Ман туро меҷӯям, агар ёфтам, як бӯса мекунам.
Зебо мегӯяд:
– Ман розӣ. Агар маро наёфтӣ, ман дар пушти ҳо ана ҳамон арча пинҳон мешавам.
Саволи бибӣ
Кӯдаке аз падараш мепурсад:
– Дада, бибиям магар ақлашонро хӯрдаанд?
Падар мегӯяд:
– Бибияшро ин тавр нагӯ.
Кӯдак мегӯяд:
– Охир, ҳар дафъае, ки ба наздаш меравам, он кас мепурсанд: «Ин бачаи кӣ бошад, ба назди ман омадааст…».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ