латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хоҳиш

Мактуб ба бахши мусиқии радио:

— Сардори мо тоқати шунидани сурудҳои Қадами Қурбонро надорад. Гуфт, ки агар бори дигар овози ӯро шунавад, худашро мекушад. Хоҳишмандем, сурудҳои Қадами Қурбон — «Мндалағут», «Азизам» ва «Бобо шидм»-ро шунавонед!

Худкушӣ барои домод

Ҷавоне дар назди ҳамкурсонаш худро таъриф карда, мегӯяд:

— Дар деҳаи мо чанд духтар барои ман шуда, қасди ҷони худ кардаанд.

Ҳамкурсонаш бо ҳайрат мепурсанд:

— Барои чӣ?

Ҷавон:

— Охир, волидонам ба куҷое, ки хостгорӣ мераванд, духтарон барои ба ман нарасидан даст ба худкушӣ мезананд.

Маслиҳат

Ҷавоне дар ҳолати мастӣ кӯшиши ба бинои истиқоматӣ ворид шуданро мекунад, вале бо душворӣ як қадам ба пеш мегузораду се қадам ба қафо. Пиразане дурудароз ҳолати ӯро назора намуда, мегӯяд:

— Писарам, ту беҳтараш ақибонакӣ рав, зудтар ба хонаат мерасӣ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *