Аз таҳти дил бихандед!
Обу нон
Модар ба маҳбас писарашро хабаргирӣ рафта, аз ӯ мепурсад:
– Султон, дар маҳбас чӣ мехӯрӣ?
Султон мегӯяд:
– Обу нон.
Модар мегӯяд:
– Ҳамон обу нонро дар хонаамон мехӯрдӣ, намешуд?
Имконият
Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:
– Чаро даст ба дуздӣ задӣ?
Мард мегӯяд:
– Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ” афтод.
5 дақиқаи хушбахтӣ
Ду марди нафақагир дар боғ нишастаанд, ки аз наздашон ҷавондухтаре мегузарад. Яке аз мардон бо ҳавас:
– Кош, аз нав ҷавон мешудам.
Марди дигар:
– Ту ақлатро хӯрдаӣ магар? Барои 5 дақиқаи хушбахтӣ боз 40 соли дигар кори давлат кунем?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ