Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфаи шавҳар
Зане аз дугонааш мепурсад:
– Мадина, шавҳарат дар зодрӯзат чӣ туҳфа кард?
Зан мегӯяд:
– Ҳо ана он мошини дар берун истодаро мебинӣ?
Дугонаи зан ба тааҷҷуб омада:
– Мебинам…
Зан:
– Ҳамранги ҳамон мошин ду ҷуфт ҷӯроб туҳфа кард.
Тарабхона
Марди зихнае ба бонуи дӯстдоштааш мегӯяд:
– Садбарг, биёед ба музей меравем?
Садбарг мегӯяд:
– Султон, магар шумо калимаи “тарабхона”-ро талаффуз карда наметавонед?
Падари ниқобдор
Духтарчаи дар замони “коронавирус” таваллудшуда чанд сол пас аз модараш мепурсад:
– Очаҷон, падари ман кист?
Модар:
– Намедонам, духтарам. Дар рӯяш ниқоб дошт…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ