Аз таҳти дил бихандед!
Дастшӯяки шаҳрӣ
Марди деҳотие ба шаҳр меҳмонӣ меояд. Баъди ба деҳа баргаштанаш аз ӯ мепурсанд:
– Хайр, шаҳр чӣ хел? Ба ту маъқул шуд-мӣ?
Мард мегӯяд:
– Ҳамааш нағзу ҳамин дастшӯияш безеб, обро мекашӣ, дастатро нашуста, об тамом мешавад…
Шиква
Зане ба дугонааш арзи дил мекунад:
– Фотима, тасаввур мекунӣ, ман аксамро ба маҳфили “Нафарони танҳо” фиристодам.
Фотима мегӯяд:
– Хайр, чӣ ҷавоб доданд?
Зан мегӯяд:
– Аз маҳфил аксамро бозпас гардонида, гуфтанд, ки онҳо то ба ин андоза танҳо нестанд.
Калтак
Наврасе бори аввал хост, ки рӯза бигирад. То фаро расидани шом вақти кам монда буд, вале ӯ дигар тоқат карда натавонист. Бо ҳар баҳона рӯзаашро хӯрдан мехосту ба торҳои асаби падараш нохун мезад.
– Дада, шоколад хӯрам, рӯзаам мешиканад?
– Бале…
– Оби газнок нӯшам чӣ?
– Мешиканад…
– Чӣ хӯрам, ки рӯзаам нашиканад?
Падар бо қаҳр:
– Калтак!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ