Аз таҳти дил бихандед!
Майхораи лаванд
Мард ба занаш мегӯяд:
– Занак, ман ин бегоҳӣ бо рафиқам пивонӯшӣ меравем.
Зан дар ҷавоб:
– Ҳа, майлаш, рафтан гир, майхора!
Мард мегӯяд:
– Чаро ман майхора будаам? Охир, ҷӯраамро дар шаш моҳ як бор мебинам?!
Зан ин дафъа мегӯяд:
– Майхораи лаванд!
Ҷасорат
Марде ба дӯсташ лоф мезанад:
– Медонӣ Камолиддин, ман вақте маст мешавам, аз касе наметарсам!
Камолиддин мепурсад:
– Магар аз Ҳанифаат низ наметарсӣ?
Мард мегӯяд:
– Не, ман то ин дараҷа ҳеҷ гоҳ маст нашудаам…
Танк
Мӯйсафеде ба БДА омада, мепурсад:
– Писарам, ман аз куҷо барои рондани танк ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта метавонам?
Дар БДА мегӯянд:
– Бобоҷон, танкро бе ҳуҷҷат ҳам ронда гаштан гиред! Шуморо касе манъ намекунад.
Обу нон
Модар ба маҳбас писарашро хабаргирӣ рафта, аз ӯ мепурсад:
– Султон, дар маҳбас чӣ мехӯрӣ?
Султон мегӯяд:
– Обу нон.
Модар мегӯяд:
– Ҳамон обу нонро дар хонаамон ҳам мехӯрдӣ, намешуд?
Хар
Корманди БДА мошинеро, ки ронандааш зан аст, манъ мекунад. Зан тирезаро кушода, ба нозир ҳуҷҷатҳояшро дароз карда, боодобона мегӯяд:
– Рӯз ба хайр!
Ҳамин дам садои кӯдакона аз нишастгоҳи қафо баланд мешавад:
– Оча, хари гуфтагиатон дар куҷо аст?
Имконият
Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:
– Чаро даст ба дуздӣ задӣ?
Мард мегӯяд:
– Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ” афтод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ