Аз таҳти дил бихандед!
Посух
Марде ба хотири асабӣ сохтани занаш мегӯяд:
– Имшаб дар хобам зани зебоеро дидам.
Зан мепурсад:
– Худаш танҳо буд?
Мард мегӯяд:
– Бале, танҳо буд.
Зан мегӯяд:
– Шавҳараш шаб бо ман буд.
Пулат намерасад
Марде ба назди духтур омада, мегӯяд:
– Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад.
Духтур дар ҷавоб:
– Воҳима накунед, барои ҳама ҷоятон пулатон намерасад.
Таъсири донаи зардолу
Мевафурӯше дод зада, мева мефурӯхт:
– Зардолу, як кило 50 сомонӣ, донаи зардолу, як кило 100 сомонӣ.
– Чаро донаи зардолу аз худи зардолу қимматтар аст?,- пурсид марде.
– Чунки донаи зардолу ақли одамро зиёд мекунад,- ҷавоб дод мевафурӯш.
Мард як кило донаи зардолу харид. Дар наздикии мевафурӯш нишаста, донаҳоро мешикасту мехӯрд. Баъди андаке аз дил гузаронд:
– Ин чӣ коре буд, ки ман кардам? Агар зардолу мехаридам, ҳам зардолу мехӯрдам, ҳам донаашро ва ҳам арзонтар мешуд.
Мард ба назди мевафурӯш омад ва фикрашро баён кард.
Мевафурӯш дар ҷавоб:
– Нагуфта будам, ки дона ақли одамро зиёд мекунад?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ