Аз таҳти дил бихандед!
Бибӣ аз он дунё
Майор сарбозро даъват карда, мепурсад:
– Аскари қаторӣ Давлатов, шумо ба вуҷуд доштани он дунё бовар доред?
Аскар ҳайрон шуда, мегӯяд:
– Нафаҳмидам, рафиқ майор.
Майор мегӯяд:
– Ба назди шумо бибиятон, ки ду ҳафта пеш ба ҷанозааш рафта будед, хабаргирӣ омадааст.
Бедор
Марде дар хобаш пайваста гап мезад. Ниҳоят тоқати занаш тоқ шуду пурсид:
– Мардак, барои чӣ ҳамеша дар хобатон гап мезанед?
Мард гуфт:
– Бигзор дузд гумон кунад, ки мо бедорем!
Имтиёз
Сайёҳе бо мақсади дар меҳмонхона истодан, аз хӯҷаини он мепурсад:
– Нархи як ҳуҷраи якнафара чанд аст?
– Чил доллар.
– Адибон имтиёз доранд?
– Бале, иҷорапулиро аз онҳо пешакӣ мегирем,- посух медиҳад хӯҷаин.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ