Аз таҳти дил бихандед!
Посух
Муаллим:
– Толиб, мори айнакдор ба кадом гурӯҳи ҳайвонҳо дохил мешавад?
Талаба:
– Ба ҳайвонҳое, ки масофаи дурро дида наметавонанд.
Телефон
Ҷавонмарди тоҷик фирма мекушояд. Рўзи якум дар офиси нав ҳама ҷо ба ҷо шудааст. Ногаҳон дарро касе мекўбад. Ў худро ба кресло партофта, гўшаки телефонро мегираду бо овози баланд мегўяд:
– Дароед!
Марде дар даст сумка медарояд.
Ҷавонмард бо телефон:
– Не, имрўз наметавонам, корамон бисёр, клиентҳо бисёр. Ман шуморо ба навбат менависам.
Баъд гўшаки телефонро гузошта, аз марди омада мепурсад:
– Бубахшед, кор бисёр, клиентҳо беист занг мезананд. Ба шумо чӣ хизмат кунам?
Марди меҳмон дар ҷавоб:
– Ман аз стансияи телефонӣ омадам, то ки телефони офисатонро ба шабака пайваст кунам.
Шакарханд
– Вақте ки ман дар мактаб мехондам,- гуфт марде ба писараш,- аз фанни таърих доим баҳои “5” мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои “3” мегирӣ.
Писар дарҳол ҷавоб дод:
– Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ