Аз таҳти дил бихандед!
Фоли бад
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Ана намак чаппа шуд, ин фоли бад аст, акнун ҷанг мешавем.
Шавҳар мегӯяд:
– Шояд ҷанг намешавем?
Зан мегӯяд:
– Не, ман аллакай барои ҷангкунӣ тайёр шудам!
Аблаҳ
Ҳангоми дарс муаллим ба толибилмон савол медиҳад:
– Кадоме аз шумо худро аблаҳ мешуморад, аз ҷояш хезад!
Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад. Ин дам Собирҷон аз ҷояш мехезад. Омӯзгор аз ӯ мепурсад:
– Ту худатро аблаҳ мешуморӣ?
Собирҷон дар ҷавоб мегӯяд:
– Не, дар ҳоле, ки шумо худатон танҳо рост истодаед, худро ноҳинҷор ҳис кардам…
Маош
Марде аз занаш мепурсад:
– Сурайё, мо пул дорем?
Зан мегӯяд:
– Не, надорем.
Шавҳар бо ҳайрат:
– Чӣ хел пул надорем? Охир, дирӯз ман ба ту маошамро оварда додам ку.
Зан дар ҷавоб мегӯяд:
– Ман пул дорам, вале мо пул надорем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ