Аз таҳти дил бихандед!
Шиша барои се кас
Аз баҳси оилавӣ:
– Камтар нӯшӣ намешавад, шарм намедорӣ, охир?
– Зиёд нанӯшидам, занакҷон, ба Худо, як шиша барои се кас харидам.
– Пас, чаро дар поят рост намеистӣ?
– Вай ду нафар наоянд, айби ман чӣ?
Зани бегона
Марде дар бозор аз зане хоҳиш мекунад:
– Хонум, мумкин аст, ду дақиқа суҳбат мекардем?
Зан ҳайрон шуда:
– Бо ман? Тинҷист охир?
Мард забон хоида:
– Занамро гум кардам, вақте бо зани бегона гап мезанам, дарҳол пайдо мешавад.
Зукоми хук
Бемор аз духтур мепурсад:
– Рафиқ духтур, лутфан мегуфтед, ки ман гирифтори кадом навъи зуком шудаам: мурғ ё хук?
– Албатта, хук.
– Чӣ гуна инро бо як дидан муайян ва хулоса кардед?
– Агар хук намебудед, дар соати чори шаб бо ҳарорати 36,5 С ёрии таъҷилиро даъват намекардед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ