Аз таҳти дил бихандед!
Шакарханд
– Вақте ки ман дар мактаб мехондам,- гуфт марде ба писараш,- аз фанни таърих доим баҳои “5” мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои “3” мегирӣ.
Писар дарҳол ҷавоб дод:
– Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.
Булбул
Рӯзе Булбул ном писарбачае ба боғ гелосхӯрӣ даромадааст. Ногоҳ боғбон дар болои дарахт гелосхӯрии ӯро дида, гуфтааст:
– Бача, чӣ ном дорӣ?
– Булбул,- ҷавоб додааст ӯ.
– Агар булбул бошӣ, суруд хон,- хоҳиш кардааст боғбон.
Боғбон овози гӯшхарошу нофорами ӯро шунида, гуфтааст:
– Наход, ки булбул ҳамин хел хонад?
Бача аз болои дарахт ҷавоб додааст:
– Булбули гелосхӯр ҳамин хел мехонад.
Имтиҳон
Муаллим аз талаба мепурсад:
– Толиб, мори айнакдор ба кадом гурӯҳи ҳайвонҳо дохил мешавад?
Толиб дар ҷавоб:
– Ба ҳайвонҳое, ки масофаи дурро дида наметавонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ