Аз таҳти дил бихандед!
Чорпо менамоед
Як марди олус барои додхоҳӣ ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро шарм доронданӣ шуда, пурсид:
– Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?
Олус дарҳол ҷавоб дод:
– Ҳо, тақсир! Масалан, ҳозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!
Тақсимот
Зану шавҳар дар сари суд аз ҳам ҷудо шуда истода, ҳеҷ дар тақсим кардани фарзандон ба мусолиҳа намеоянд. Зан:
– Ду фарзандамро ман мегираму яктояшро ту.
Шавҳар дар ҷавоб:
– Ду фарзандам бо ман мемонанд, яктояш бо ту.
Баъди як соати баҳсу мунозира зан тоқат накарда мегӯяд:
– Гӯш кун, рафтем ба хона. Соли дигар, ки фарзандонамон чор нафар шуданд, баъд ба суд омада ҷудо мешавем.
Ғайбат
Муаллими таърих аз хонанда мепурсад:
– Канӣ бигӯ, шоҳ Аббос чӣ гуна шоҳе буд?
Хонанда ҳар қадар ки фикр мекунад, ҷавоби суолро пайдо карда наметавонад ва билохира мегӯяд: – Устод, аз қафои мурда гап задан хуб нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ