Аз таҳти дил бихандед!
Нақд
Бемор ба духтур:
– Духтурҷон, намедонам ин хубиҳои шуморо чӣ тавр баргардонам.
Духтур:
– Агар нақд бошад, беҳтар.
Беҳунар
Зане ба дугонааш гуфт:
– Чаро шавҳари маро задӣ?
Дугонааш ҷавоб дод:
– Охир, вай маро бўсид…
Зан хандид:
– Э ғам нахўр, аз ин бештар ҳунаре надорад.
Дугонааш гуфт:
– Охир, ман аз ҳамин беҳунариаш ба ғазаб омадам!
Хурсандӣ
Шавҳар аз кор омада, худ ба худ механдад:
– Чӣ ин қадар хурсандӣ?,- мепурсад занаш.
– Маро аз кор ронданд.
– Магар барои аз кор рафтан хурсандӣ мекунӣ?!
– Маро аз кор ронданду коргарони дигарамонро ҳабс карданд,- мегӯяд мард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ