Аз таҳти дил бихандед!
Сабр мебояд
Сардори идорае ба зердасташ гуфт:
– Ман хубам ё бад?
Зердаст гуфт:
– Чиро гўям?
Сардор гуфт:
– Ҳақиқатро гўй!
Зердаст гуфт:
– Барои ин сабр мебояд.
Сардор гуфт:
– То кай?
Зердаст гуфт:
– То он рўзе, ки ё ту аз кор равӣ, ё ман.
Халал
Яке бо афсўс мегуфт:
– Оҳ, чӣ хел мехоҳам аз рўи виҷдон зиндагӣ кунам!
Дигарӣ пурсид:
– Чӣ халал мерасонад?
Гуфт:
– Маош!
Хоби бад
Зан дар хоб дастак мезад ва фиғон мекард. Шавҳараш ўро бедор кард ва сабаб пурсид.
Зан гуфт:
– Хоби баде дидам. Домуллое тори сарам дуо мехонд ва ҷони ман мебаромад.
Мард фиғон кашид:
– Оҳ, мани аблаҳ!
Зан гуфт:
– Чаро ин тур мегўӣ?
Мард гуфт: – Охир, як лаҳза дертар бедор мекардам, намешуд!?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ