Аз таҳти дил бихандед!
Тўёна ояд…
Шахсе ба дўсташ узр овард:
– Бубахш, ман ба тўят рафта наметавонам.
Вай дар ҷавоб гуфт:
– Боке не, тўёна ояд!
Хоҳиш
Дар тарабхона пешхизмат ба назди мизоҷи навбатӣ меояд:
– Шумо чӣ хӯрдан мехоҳед?
Мизоҷ:
– Ҳамон чизеро, ки ҳо ана он марди дар назди тиреза нишастагӣ истеъмол дорад!
Пешхизмат:
– Ин номумкин аст, ӯ хӯрокашро ба шумо намедиҳад…
“01”-у “03”
Пирамард ба ҷавонмарде рў оварда, пурсид:
– Мегўянд, ки шабакаи алоқа хусусӣ гардонида шуд?
Ҷавонмард гуфт:
– Бале, шуд.
Пирамард гуфт:
– Ба халқ чӣ монд?
Ҷавонмард гуфт:
– Ду телефон.
Пирамард гуфт:
– Кадомҳо?
Ҷавонмард гуфт:
– “01”-у “03”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ